Суратҳо                                  Дар бораи лоиҳа


Воситаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйироти иқлим дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) ба роҳ монда шудааст ва мушаххасан ба сармоягузории беҳтарсозии технологияҳои марбут ба тобоварӣ ва тағйирёбии иқлим бо мақсади бештар тобовар кардани сектори хусусии кишвар равона мегардад.

Дар доираи лоиҳа барои соҳибкории бахши хусусӣ, кишоварзон ва хонаводаҳо тавассути муассисаҳои молиявии шарики лоиҳа қарзҳо пешниҳод карда мешаванд.

Воситаи мазкур барои сармоягузорӣ ба технологияҳои мавҷуда ва озмоишӣ, ки тавассути таъмингарон ва насбгарони тавсияшуда метавонанд дастрас гарданд ва барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва энергия, инчунин паст кардани бодлесшавии (эрозияи) хок равона шудаанд, дастгирӣ пешкаш менамояд.

Видеоҳо


Шарикон

Бонки Эсхата
Хумо
ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ

Дастовардҳои лоиҳаи КЛИМАДАПТ то 1 Апрели 2017

Хабарҳо