ҶСК «Бонки Эсхата» — яке аз иштирокчиёни фаъоли бозори молиявии Тоҷикистон буда, ҳамаи намуди амалиётҳои бонкиро амалӣ мегардонад. Шабакаи васеъи Бонки Эсхата аз 23 филиал, 260 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 428 нуқтаҳои интиқоли пулӣ иборат аст. Мо ба мизоҷони худ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро, ки дар таҷрибаи молиявии байналхалқӣ қабул гардидааст, пешниҳод менамоем. «Бонки Эсхата» яке аз бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор маҳсуб ёфта, ба панҷгонаи беҳтарин бонкҳои кишвар шомил аст. Арзишҳои муҳими Бонк боварӣ ва дастрасии хизматрасониҳо, устуворӣ ва шаффофият, махфият, навоварӣ, ягонагӣ маҳсуб меёбанд. Давоми фаъолияти худ Бонки Эсхата боварии мизоҷонро сазовор гардида, ҳамчун ҳамкори боэътимод эътироф гаштааст. Имрȳзҳо бонк аз рȳи мақсади стратегии худ боз ҳам наздиктар шудан ба мизоҷони худ фаъолият бурда, сол то сол филиалҳои нав, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли пулиро ифтитоҳ менамояд. Давоми 6 соли охир Бонки Эсхата бо ширкатҳои рейтингии байналхалқӣ ҳамкорӣ дорад, ки нишондиҳандаҳои молиявии бонкро баҳогузорӣ намудаанд.
А- (Микро-Кредитс Рейтинг Интернешнл, Хиндустон)
A- (Планет Рейтинг, Фаронса)
A- (Микрофинанса Рейтинг, Италия)
B3- (Мудис Инвесторс Сервис, Англия) (2011)
B3- (Мудис Инвесторс Сервис, Англия) (2012)
Дар самти молиявию қарзӣ ва мустаҳкам намудани иқтисодиёти Тоҷикистон Бонки Эсхата таваҷҷȳҳи асосиро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию, иқтисодӣ ва беҳтар шудани некуаҳволии мардум равона мекунад. Дар давоми фаъолияти худ ҶСК «Бонки Эсхата» ба амалҳои хайру эҳсонкорӣ низ аҳамияти муҳим дода, ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ кȳмаки молиявии худро мерасонад. Ҳамзамон Бонк барои рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои гуногуни варзиширо сарпарастӣ менамояд.
Маълумот оиди  кредитҳои КЛИМАДАПТ дар сомонаи Эсхата


Tell friends:

Шарикон

Бонки Эсхата
Хумо
ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ