ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - ин ташкилоти амонатии қарзии хурд мебошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ хизматҳои молиявӣ мерасонад.

Вазифаи асосии ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - ин мусоидат кардан ба рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, мададгорӣ намудан ба беҳтар кардани сифати зиндагӣ бо роҳи таъмини воридшавии устувор ба молияи қисми аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли аҳолӣ. Дурнамои ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» аз он иборат аст, ки аҳолии Тоҷикистон ба хизматҳои молиявии босифат, инноватсионӣ ва шаффоф дастрасӣ дошта бошанд.Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) Ташкилоти амонатии қарзии хурди (ТАҚХ) «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 2012 ба қайд гирифта шуда, иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро аз 07 январи соли 2013 дорост.

ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» фаъолияти худро соли 1999 оғоз намудааст. Имкониятро барои оғози фаъолияти «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» тавассути амалӣ намудани барнома аз рӯи таълими тиҷоратӣ барои занон Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) фароҳам овардааст. Барнома бомуваффақият амалӣ гардид, аммо барои рушди соҳибкории занон фақат дастгирии маълумотноккунонӣ кам буд. Барои ин захираҳо лозим буданд ва аз ин рӯ якҷоя бо ташкилоти байналхалқии Ҳайати Шафқат барнома оиди қарздиҳии хурд ба занон ва аҳолии деҳот оғоз гардид. Соли 2002 АМЗСТ мустақилона ба амалӣ намудани барномаи қарздиҳии хурд шурӯъ намуд. Соли 2005 пас аз қабул гардидани қонун дар бораи институтҳои қарздиҳии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисон қарор доданд, ки ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди ИМОН-ро (институти қарздиҳии хурд, ки АМЗСТ ташкил кардааст) ташкил диҳанд ва ҳамаи корҳоро вобаста ба дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба он супоранд. Бо мақсади васеъ намудани фаъолияти худ, зиёд кардани шумораи мизоҷон ва таъмин намудани онҳо бо тамоми хизматрасониҳои молиявӣ моҳи ноябри соли 2007 муассисони Фонд дар бораи ташкил кардани ташкилоти нави тичоратии қарздиҳии хурд «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» қарор қабул карданд. Ин ташкилот фаъолияти амалиётии худро дар таърихи 1 июли соли 2008 бомуваффақият оғоз намуд. Гузариш ба сохтори тиҷоратӣ имконият фароҳам овард, ки инвесторони хусусии хориҷӣ ва бисёр шарикони хориҷии дигар барои ҳамкорӣ ҷалб карда шаванд. Ин дар навбати худ имкониятҳои ташкилотро васеъ намуд ва барои ноил гардидан ба муваффақиятҳои калон мксоидат кард. Нишондиҳандаҳои самаранок ва дастовардҳои ташкилот мукофотҳои сазовор гардидааш мебошад. Соли 2009 барои фаъолияти амалиётӣ ташкилот баҳои олии А-ро аз ширкати байналхалқии рейтингӣ ноил шуд. Шабакаи байналхалқии MIX Market, ки ташкилотҳои молиявии хурди ҷаҳонро муттаҳид менамояд ба фаъолияти ташкилоти мо баҳои олии 5 бриллиантро муносиб донист. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ягона ташкилоти молиявии хурди Осиёи Марказӣ мебошад, ки соли 2012 сазовори ҷоизаи Платинии MIX Market гаштааст. Ин ҷоиза натиҷаи ҳисси баланди ташкилот ба миссияи иҷтимоии худ, хизматрасонии ғайримолиявӣ ва пешниҳод намудани қарзҳои тамоюли иҷтимоӣ дошта мебошад.

Дар тӯли 15 соли фаъолият «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» кадрҳои воқеан шоистаро, ки баҳри рушди коргоҳ саҳми муносиб мегузоранд, тарбия карда, барои бунёди ҷомеаи мустаҳкаму аз ҷиҳати касбӣ ҷавобдеҳи талаботи рӯз мусоидат намудааст. Ҳоло дар ташкилот зиёда аз 1800 нафар кормандони баландихтисос кор мекунанд.

Аз рӯи ташкилёбиаш то имрӯз мақсади асосии «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» хизматрасонии баландсифат ба мизоҷон мебошад.

«ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бо дастовардҳои бузурги худ рӯ ба сӯи рушду такмил ва ояндаи нек қадамҳои устувор мезанад.

Маълумот оиди КЛИМАДАПТ  дар сомонаи ИМОН


Tell friends:

Шарикон

Арванд
Бонки Эсхата
Хумо
ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ