Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Ҳумо», ташкилоти амонатии қарзии хурди пешрафт ва инкишофёбанда мебошад. Вазифаи асосии мо, ин пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии босифат ва дастрас ба аҳолии деҳоте, ки дар минтақаҳои дурдасту камбизоат зиндаги менамоянд ва инчунин мусоидат расонидан ба рушди тиҷорати хурд барои таъмини имкониятҳои иқтисодии нав ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар доираи фаъолияти худ, мо аз технологияҳои муосир ва стандартҳои баланди маблағгузорӣ истифода мебарем, ки ин ба мо имконият медиҳад, ки мутобиқи таҷрибаи умумиҷаҳонии пешрафта, фаъолияти худро ба роҳ монем. Сифати баланди хизматрасонӣ ба мизоҷон, самаранок идоракунии Ташкилот, муносибати хуб бо бонкҳои шарикон, мақомотҳои танзимкунандаи давлатӣ ва мақомотҳои ҳукумати маҳаллӣ аз ин шаҳодат медиҳанд.

Дар Тоҷикистон, 125 ТМХ, 17 бонк, як ташкилоти лизинги, як ташкилоти қарзии яклухт ва ду ташкилоти байналмиллалӣ фаъолияти қарзиро ба ҷо меоранд.
Ташкилоти мо, ба сегонаи ташкилотҳои қарзии хурди пешрав, аъзоёни АМФОТ дохил мешавад. Ҳаҷми сандуқи қарзии аъзоёни АМФОТ дар байни Ташкилотҳои молиявии хурд 95%-ро дар бар мегиранд, боқимонда 5%-ро ТМХ-и хурду миёна, ки аъзоёни АМФОТ нестанд, ташкил медиҳанд. Миқдори мизоҷони фаъоли, ташкилотҳои молиявии хурди аъзоёни АМФОТ, аз рўи нишондодҳои моҳи декабри соли 2013, ба 241 435 мизоҷ расидааст, ки 14,31%-и он мизоҷони ташкилоти «Хумо» мебошанд. Сандуқи қарзии аъзоёни АМФОТ 1 млрду 280 ҳазору 564 сомони буда, 10,87% он ба ташкилоти мо тааллуқ дорад.

Маълумот оиди  кредитҳои КЛИМАДАПТ дар сомонаи Ҳумо



Tell friends:

Шарикон

Бонки Эсхата
Хумо
ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ