Кишоварзӣ :

Мо барои кишоварзон бо мақсади такмили идоракунии замин, истифодаи самараноки об ва энергия аз ҷониби онҳо қарзҳо пешниҳод мекунем.

Талаботҳо:

  Шахсони алоҳида ва ҳуқуқии зерин метавонанд қарзгирандагони ҷоиз гарданд:

v      Кишоварзон;

v     Корхонаҳои шахсие, ки дар бахши кишоварзӣ ба қайд гирифташудаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд;

v     Корхонаҳои дорои то 249 нафар корманд;

v      Корхонаҳое, ки дорои дахлу харҷи солонаи ҳадди аксар / мувозинати маҷмӯъ то 50,000,000 евро ҳастанд.

Қарзҳо бо сомонӣ пешкаш мегарданд:

v  Ба миқдори баробар ба 500 то 300,000 доллари ИМА барои технологияҳои пешакӣ
     тасдиқшуда

v  Ба миқдори баробар ба 1,000 то 1,000,000 доллари ИМА барои технологияҳои тасдиқшуда
     ва дар марҳилаи коркард қарордошта, ки бояд аз Арзёбии тобоварӣ ба тағйироти иқлим
     гузаранд.

Ҳар як муштарӣ бояд аз лиҳози молиявӣ комёб буда, ба талаботҳои қарздиҳии муассисаи молиявии иштирокчӣ ҷавобгӯ бошад ва ба воситаи тартиби умумии арзёбии қарзӣ дар муассисаи мазкур тасдиқ гардад.