10.11.2016

Ба наздики дар филиали ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар шаҳри Ҳисор мизоҷи навбатӣ Мардонов Мақсатулло барои гирифтани карзи инфироди барои сохтани сардхона барои нигоҳдории ҳосили меваю сабзавот тариқи лоихаи CLIMADAPT муроҷиат намуда дастгирии худро дарёфт намуд.

Мардонов Мақсатулло худ ихтисоси мухандис-технолог буда тӯли 16 сол аст, ки бо парвариши току ангур ва боғдорӣ машгул аст. Ӯ тиҷорати худро аз парвариши ангур оғоз намуда дар айни замон дар деҳаи худ 4 гектар замини боғи ангури ҳосилхез дорад, ки дар он 6400 бех ниҳоли ангури парвариш мекунад. Мақсатулло нияти аз ҳар як гектар замини боғоташ гирифтани то 35 тонна ангури баландсифатро дорад.

Мақсатулло бо ҳамроҳии бародараш анбори бекорхобидаро ба иҷора гирифта, бо маблағгузории қарзии лоиҳаи CLIMADAPT ва маблағҳои худ, онро барои сохтмони сардхонаи захираи ангур омода сохта ба истифода додааст. Ин сардхона дар як лаҳза нигоҳ доштани 70 тонна хосили боғотро имконият фараҳам меоварад. Таҷҳизоти замонавии сардхона бо усули сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ мураттаб гардида ба шиддати номунтазам мутобиқ карда шудааст.

Мақсатуқлло ба нақша гирифтааст, ки дар ин сардхона ҳосили рӯёнидаи боғи худро нигоҳ дорад ва ба кишоварзони шаҳри Ҳисор хизматрасонии нигаҳдории ҳосилро ба роҳ монад.

Tell friends: