03.04.2017

Аз рӯзи аввали додани қарзҳо, ки моҳи июли соли 2016 оғоз гардид, аллакай баъди шаш моҳ лоиҳаи Климадапт бо ҳамроҳи муассисаҳои молиявии шарикон, пешниҳоди 1000-ум қарзро ҷашн гирифт! Ба муассисаҳои молиявии шарикон, донорхо ва ба шарикон барои дастгирии рисолати лоиҳа миннатдорӣ изҳор менамоем. Воситаи маблағгузории Климадапт аллакай зиёда аз 1000 хонавода ва соҳибкоронро дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ташкил медиҳад. 1000-ум қарз ба деҳконе, ки соҳиби  тиҷорати  хурд дар ноҳияи Турсунзода, вилояти Хатлон аст, барои сохтмони гармхонаи парвариши помидор, ки обу баркро сарфа менамояд, дода шуд. Ин намуди гармхона махсус бо ду қабати пластикӣ сохта шуда, обёрии қатрагиро дар бар мегирад, ки кам шудани харочоти барқу об ва баланд шудани ҳосилнокиро кафолат медиҳад.

    


Tell friends: