11.10.2016


Истифодаи методҳои нави рушди хоҷагии қишлоқ аз ҷумла истифодаи самараноки захираҳои обию барқӣ мавзуи асосии вохурии намояндагони Бонки Эсхата бо раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен гардид. Вохурии мазкур идомаи кори намояндагони Бонки Эсхата дар муариффии роҳҳои иноватсионии бурдани корҳои хоҷагии қишлоқ мебошад. Яке аз чунин методҳои нав обёрикунии қатрагӣ, сохтани гармхона ва кофтани чоҳҳои амудӣ мебошад. Иштирокчёни вохурӣ дар бораи афзалиятҳои намудҳои нав, технологияи насби он, роҳҳои ҷорӣ намудани онҳо, шартҳои маблағгузорӣ аз наздик шинос шуданд.
Эркин Рустамов-сардори хоҷагии деҳқонии «Бунёд-2014» дар ноҳ. Спитамен дар вохурии ташкилнамудаи Бонки Эсхата иштирок дошт. Ӯ мегуяд, ки ҳангоми донишҷуияш тарзи дурусти сохтани гармхона ва нигоҳубини онро омухта буд. Парвариши маҳсулотҳои гуногун дар дохили гармхона бештари дарсҳои амалии донишҷуияш аст. Аз ин ру, вай сохтани гармхонаро аз хурди орзу мекардааст.   
Дар рафти вохӯрӣ, ки 35 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқониро ҷамъ овард, ҳамоҳангсози агроқарзҳои Бонки Эсхата Шуҳрат Усмонов, директори филиали ноҳ. Спитамен Умаралӣ Умаров, ба ҳозирин оиди роҳҳои беҳтарин ва методҳои нави истифодаи обу замин ва натиҷаҳои онро фаҳмониданд.
Боиси қайд аст, ки Бонки Эсхата маблағҳои қарзиро барои рушди хоҷагии қишлоқ бо шартҳои осон пешниҳод мекунад. Барои он ки деҳқонон ҳосили хубу дилхоҳ ба даст оранд, Бонк ҳам аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва машваратӣ кӯмак расонида, дар ин кор онҳоро ташкилоти Сароб ва намояндагони лоиҳаи Климадапт ҳамраҳӣ мекунад.
Ноҳияи Спитамен яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Суғд маҳсуб ёфта, деҳқонон асосан бо чорводорӣ , боғпарварӣ ва растанипарварӣ машғул мебошанд.Иштирокчиён дар рафти мулоқот қайд намуданд, ки шарту шароити барномаи мазкур осон буда, онҳо ният дорад дар ҳамкорӣ бо Бонки Эсхата роҳҳои иноватсионии идоракунии обу замин ва қувваи барқро ҷорӣ намоянд. 

Пурратар...

Tell friends: