22.07.2016


Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид (БАРТ) барномаи навоваронаи маблағгузориро, ки барои паст кардани оқибатҳои тағироти иқлим равона карда шудааст, роҳандозӣ намуд. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома Бонки Эсхата аз БАРТ транши аввали маблағгузориро барои соҳаи хоҷагии қишлоқ, саноат ва соҳибмулкон гирифтааст.
Ин маблағҳои қарзӣ барои сармоягузорӣ ҷиҳати беҳтарсозии технологияҳои устуворӣ нисбат ба тағироти иқлим муқаррар шудааст. Сабаби асосӣ тақвият бахшидани устуворӣ ба тағироти иқлими соҳаи хусусии ҶумҳурииТоҷикистон мебошад.
Механизми маблағгузорӣ ба устуворӣ нисбати тағироти иқлим дар ҶТ таҳти унвони КЛИМАДАПТ аз тарафи БАРТ ва хазинаҳои сармоягузорӣ оид ба иқлим коркард шудааст. КЛИМАДАПТ қарзҳо барои соҳибмулкон, соҳибони бизнес ва хоҷагиҳои деҳқонӣ  дастрас буда, барои харидорӣ ва насби таҷҳизот ва технологияҳои махсуси аз тарафи гуруҳи КЛМАДАПТ тасдиқ шуда, равона карда мешавад.
Барои Бонки Эсхата маблағҳои ҷалбшуда-ин заҳираҳои зарурӣ барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ –иқтисодӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва соҳибмулкон, ҳамзамон ба даст овардани мақсадҳои умумӣ оид ба нигоҳ доштани иқлим, ҳифзи муҳити атроф ва рушди босубот маҳсуб меёбад.

Деҳқонон ва фермерон метавонанд барои насби системаҳои нави ирригатсионӣ (обёрикунии қатрагӣ), парвариши боғҳои нав ва гармхонаҳо, кофтани чоҳҳои амудӣ, азнавсозии қубурҳои обгузар, насосу мил ва системаҳои тақсимоти об маблағҳои қарзӣ гиранд.
Соҳибмулкон ва шахсони воқеӣ масъалаи дар давраи зимистон бо гармӣ таъмин намудани хонаро бо харидорӣ намудани дару тирезаҳо, насби системаи гармидиҳии девор, ивази чароғакҳо, қубурҳои обгузар ва ғайраҳо ҳал карда метавонанд.

Корхонаҳои хурду миёна бо гирифтани маблағи қарзӣ имконият пайдо мекунанд, ки таҷҳизотҳои истеҳсолиро нав карда, дегҳои системаҳои гармидиҳиро иваз намоянд ва барои дигар мақсадҳои сарфаи обу қувваи барқ  истифода намоянд.
Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа, бо мақсади мусоидат дар сармоягузории технологияҳои нав ба мизоҷон машваратҳои ройгони коршиносони байналхалқию маҳаллӣ пешниҳод мегарданд.
Қарзҳои КЛИМАДАПТ барои маблағгузории лоиҳаҳо дар сектори хусусӣ ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва навовар, ки ба муқобилият ба тағироти иқлим мусоидат мекунад, равона хоҳад гардид.
Вобаста ба ин бори дигар ба Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид барои ҷорӣ намудан ва дастгирӣ кардани лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ менамоем. 

Пурратар...


Tell friends: