13.06.2017

Лоиҳаи Климадапт семинарҳои технологии навбатиро оид ба «Обёрии қатрагӣ барои боғҳо ва гармхонаҳо» дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қурғонтеппа ташкил намуд. Дар семинарҳои мазкур тақрибан 100 деҳқонон ва соҳибкорони бахши аграрӣ аз деҳоту ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон, намояндагони шарикони молиявии лоиҳа ва ширкатҳои ғайридавлатӣ ширкат варзиданд.

 

Семинарҳоро эксперти обёрии қатрагӣ ва агротехнология - Умед Шарипов гузаронид. Ӯ оиди системаи обёрии қатрагӣ, мӯҳлати баровардани харҷ, арзиши самаранокии ин система дар шароити Тоҷикистон суханрони намуд. Дар рафти семинарҳо тренер мӯҳтарам Шарипов намунаҳои мушаххасро аз таҷрибаи худ пешниҳод кард, ки дар он манфиатҳои асосии технологияи обёрии қатрагӣ - кам кардани истифодаи об, хароҷоти меҳнат, сарфа намудани  нуриҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокиро дарҷ намуд.

Инчунин иштирокчиён ба қитъаҳои намоишии бо обёрии қатрагӣ таҷҳизонидашуда ташриф оварда, бо рафти кори системаи обёрии қатрагиву обпошӣ шинос шуданд ва оиди ҷиҳати техникии он сӯҳбат оростанд.

Дар семинар шарикони лоиҳа таъминкунандаи насосҳои обӣ - Вило Тоҷикистон, таъминкунандаҳои қубурҳои пластикӣ барои обёрӣ - Реал пласт, Вахдат  Пласт ва  Ассотсиатсияи Миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Лоиҳаи Климадапт ба ҳамаи шарикон барои ҳамкорӣ ва дастгириашон миннатдорӣ иброз менамояд!

     

     

Tell friends: