23.08.2018

Аввалин форуми тиҷоратии маҳсулоти боғдорӣ дар вилояти Хатлон аз тарафи Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва ҳукумати вилояти Хатлон санаи 7-8 августи соли 2018 ташкил карда шуд. Ин чорабинии дуруза зиеда аз 300 нафар, аз он ҷумла истеҳсолкунандагон, тоҷирон ва харидорони меваю сабзавот аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон ҷамъ намуд. Ҳадафи чорабинии мазкур дар барпо намудани робитаҳои иқтисодӣ байни истеҳсолкунандагони меваю сабзавот аз вилояти Хатлон ва харидорон аз дигар минтақаҳо ва кишварҳои Осиеи Марказӣ буд. Дар форум сессияҳои панелӣ бахшида ба усулҳои кор баъди ҷамъоварии ҳосил, модели идораи нигоҳдорӣ дар сардхонаҳо, инчунин ҳамду нақл ва иттилооти логистикӣ гузаронида шуд.

Гурӯҳи кормандони Климадапт дар форум иштирок намуда, ба иштирокчиён маълумот дар бораи мақсади лоиҳа ва фаъолияти он дар самти ҳалли мушкилоти тағйиребии иқлим, аз ҷумла, дар робита бо бахши кишоварзӣ пешкаш намуданд. Ғайр аз ин, иштирокчиён тавонистанд, ки оиди имкониятҳои маблағгузорӣ барои самаранок истифода намудани барқу об маълумот гиранд ва бо лоиҳаҳои муваффақ шинос шаданд. Иштирок дар чунин чорабиниҳо ба ҳалли масъалаҳои устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйиребии иқлим дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мусоидат мекунад.

Форум ба иштирокчиен имконияти вохӯрӣ, ҳамкорӣ, ва муҳокимаи лоиҳаҳои инноватсионӣ барои ҳавасмандгардонии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, савдо ва содирот фароҳам овард.

  

Tell friends: