10.04.2017

Конфронси «Тиҷорати себ дар Тоҷикистон – 2017» 31-1 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ташкил карда шуд. Мақсади асосии конфронс баланд бардоштани ҳавасмандкунии кишоварзон ва зиёд намудани сармоягузории дар соҳаи истеҳсол ва коркарди себ дар Тоҷикистон буд. Сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон дорои фазои хеле мусоид барои парвариши себ мебошад, истеҳсоли дохилӣ ҳоло ҳам кам буда, ҳиссаи зиёди воридотро дар бар мегирад. Дар конфронс имкониятҳои соҳибкорӣ, вобаста ба занҷираи арзиши иловашуда, аз парвариши себ то нигоҳдорӣ, коркард ва банду басти он пешкаш карда шуда буд. Коршиносони байналмилалӣ аз Нидерланд, Украина ва Қазоқистон, бо таҷрибаи худ оиди парвариши боғҳои интенсивӣ, аз ҷумла, нигоҳдорӣ, ҷобаҷогузорӣ ва банду басти себ шинос намуданд.

Дар рӯзи дуюми конфронс, иштирокчиён ба қитъаи намоишӣ - яке аз хоҷагиҳои пешбари себпарварии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор ташриф оварданд, ки кадоме бо истеҳсоли себ дар боғи интенсивӣ машғул мебошад, ки он дар навбати худ бо системаи обёрии қатрагӣ ва анбор муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иштирокчиён имконият доштанд, ки таҷрибаи амалӣ оиди боғи интенсивӣ пайдо кунанд, дар бораи обёрии қатрагӣ ва анборҳо маълумот гиранд, инчунин ба агрономҳо ва мутахассисони хоҷагӣ саволҳои худро  пешниҳод намоянд.

   

Дар конфронс лоиҳаи Климадаптро роҳбари гурӯҳ Кайрат Шалабай ва муовини ӯ Фаррух Қосимов намояндагӣ карданд. Аз тарафи кормандони Климадапт хаймаи иттилоотӣ дар бораи лоиҳа ташкил карда шуд, ки он барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оиди лоиҳа равона шуда буд. Ҳамаи иштирокчиёни хоҳишманд машваратҳоро оиди фаъолияти лоиҳаи Климадапт ва дастгирии он, ки дар доираи лоиҳа ба даст оварда мешаванд, гирифтанд.

   


Tell friends: