02.05.2018

Санаи 11 апрели 2018 семинари саҳроӣ оид ба “Муаррифии навъҳои нави гандум ва зироатҳои алтернативӣ” дар хоҷагии деҳқонии ба номи “Суҳром”-и ноҳияи Фархор гузаронида шуд, ки дар он намояндагони лоиҳаи Климадапт ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур аз тарафи Кооперативи “Сароб” ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 40 нафар деҳқонону хоҷагидорон ҳузур доштанд. Ба чорабини мутахассиси Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон Ҳотамов У. ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо мақсад, ҳадафҳо ва дастовардҳои лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба тухмии хушсифат дар Тоҷикистон» шинос намуд. Ӯ ҳамчунин дар бораи рушди соҳаи гандумпарварӣ дар вилояти Хатлон баромад намуда, навъҳои нави гандум ва зироатҳои алтернативиро муарррифӣ намуд. Баъдан, мутахасиси дигари Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон Маҳкамов М. баромад намуда, иштирокчиёнро бо технологияи муосири истеҳсолӣ тухмӣ шинос намуд. Иштирокчиёни чорабини имконияти аз назар гузаронии натиҷаҳои таҷриба дар шароити саҳро намунаҳо пайдо карданд. Аз тарафи лоиҳаи Климадапт, муовини роҳбари гурӯҳ, Фарух Касымов баромад намуда, пиромуни фаолияти лоиҳа ва дастгирии он, ки дар доираи лоиҳа ба даст оварда мешаванд, сухан карда ва иштирокчиёнро бо таҷрибаҳои муваффақ шинос намуд. Кооперативи “Сароб” ташкилоти ғайридавлатӣ буда, аъзои созмони байналмилалии BCI (Betee Coton Initiatiiee дар Осиёи Миёна буда, татбиқгари ин барнома аст. Лоиҳаи Климадапт дар оянда низ ҳамкории худро бо Кооперативи Сароб давом дода, ба ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва инноватсиони дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

.

  

Tell friends: