07.07.2018

Панҷумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2018», санаи 6-7 июли соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои бузурги соҳаҳои гуногун, намояндагони бонкӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва нақлиёт, намояндагони ҷомеаи соҳибкории маҳаллӣ ва кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии намоишгоҳ рушди муносибатҳои расмӣ ва шарикӣ байни истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони меваю сабзавот, маҳсулоти консервӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва коркарди саноати бо ширкатҳои тиҷоратӣ, муштариёни эҳтимолӣ, сармоягузорон ва ҷомеаи соҳибкорӣ давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва кишварҳои хориҷӣ. Дар ҷараёни ярмарка ҷаласаҳои пленарӣ, мулоқотҳо ва гуфтушунидҳо байни соҳибкорон гузаронида шуданд.

Намояндагони лоиҳаи Климадапт бори аввал ба ин чорабинӣ иштирок карданд. Дар Хаймаи лоиҳаи Климадапт буклетҳои технологӣ, плакатҳо, видеоҳо ва дигар маводҳои маркетингии брендӣ пешниҳод карда шуданд. Гурӯҳи мушовирон ва муҳандисони лоиҳа ба саволҳои ташрифоварндагон посух дода, машварат оид ба дастрас намудани технологияҳои каммасрафи барқу об пешкаш намуданд, технологияҳои инноватсионии воқеии, ки бо муваффақият дар Тоҷикистон ҷорӣ шудаистодаанд, муаррифӣ намуданд, ба монанди системаи обёрии қатрагӣ, технологияи офтобӣ ва ғайра шинос намуданд. Инчунин маълумот оиди имкониятҳои маблағгузорӣ ба технологияҳои каммасраф тариқи Шарикони молиявии лоиҳа дар доираи лоиҳаи Климадапт пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаи Климадапт дар чунин чорабиниҳо, фаъолона иштирок менамояд, ки мақсади он мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии бахши хусусӣ, рушди иқтидори он оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, тараққӣ додани таҷрибаи пешқадам ва чораҳо тариқи намоиши тачрибаҳои муваффақ ва таҳкими робитаҳои наздик бо  ҷонибҳои манфиатдор мебошад. Лоиҳаи Kлимадапт ба ҳамаи ташрифовардагон ва ташкилкунандагони Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2018» миннатдорӣ баён мекунад.

 

   

  


Tell friends: