13.10.2017


Гузариш аз иқтисодиёти нақшавӣ ба иқтисодиёти бозорӣ то ҳол барои занон ва мардони Тоҷикистон имконияти баробарро дар мусоидати рушди иқтисодӣ ва манфиат гирифтан аз он надодааст. Дар Тоҷикистон занон асосан дар соҳаи кишоварзӣ, идоракунии воситаҳои зиндагӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ машғуланд, зеро мардон бо суръати зиёд ба дигар давлатҳо барои муҳоҷирати меҳнатӣ сафар карда истодаанд. Аз сабаби қобилияти гирифтани даромад доштани занон, саҳми онҳо дар оила ва ҷомеа баланд шуда истодааст ва фаҳмиши мардон хуронандаи оила будан торафт гум шуда истодааст. Бо вуҷуди ин, давомнокии стереотипҳои гендерӣ ва меъёрҳои иҷтимоидошта ҳанӯз ҳам имкониятҳои иқтисодии занонро заиф мегардонад.

Соли 2016 Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим якҷоя лоиҳаи КЛИМАДАПТ – ро таъсис намуданд, ки барои дастгирии татбиқи технологияҳои ба тағйирёбии иқлим устувор ба корхонаҳои хурд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хонаводаҳо дар Тоҷикистон равона карда шудааст. КЛИМАДАПТ пешбарии баробарии гендериро барои ҳалли сабабҳои асосии осебпазирии иқлим ба мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор эътироф менамояд. Муносибати гендерӣ ҳассос буда, аз таъсири тағйирёбии иқлим ба осебпазирии занон далел медиҳад. Осебпазирии гуногуни онҳо дар робита ба мардон ба тавир ассиметрӣ инъикос ёфта, дар дастрас набудани дороӣ ва хизматрасониҳо ба занон инъикос меёбад.

Бо ин мақсад КЛИМАДАПТ ба занон – қарзгирандагони потенсиалӣ оид ба технологияҳое, ки ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунанд ва ба оилаву корхонаҳояшон манфиат меоваранд, муроҷиат менамояд. Аз ин рӯ, баҳогузории базавӣ оид ба алоқаи маблағгузории гендерӣ ва иқлимӣ дар шарикони молиявӣ ва портфолиои лоиҳа гузаронида шуд. Аз он 29% -и қарзгирандагон занон мебошанд, ки 14% -и маҷмӯи умумии ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, андозаи миёнаи қарзҳо барои занони қарзгиранда 1,4 маротиба камтар аз мардони қарзгиранда мебошад. Ин нишон медиҳад, ки занон – соҳибкорон нисбат ба мардон – соҳибкорон камтаранд. Занони қарзгиранда бештар дар соҳаи хонасозӣ маблағ мегузоранд, дар он ҳол, ки мардон дар соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорат инчунин пеш рафтаанд. Шарҳи портфелио санҷиши технологияи интихобшуда аз нуқтаи назари гендерӣ, ки барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи гендерӣ равона карда шудааст ва фоидаи калон ба занон ва оилаву соҳибкории онҳо меорад, дар бар мегирад. Илова бар ин, дастаи лоиҳаи КЛИМАДАПТ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон барои баланд бардоштани огоҳии занон – муштариёни потенсиалӣ дар бораи манфиатҳои чунин технологияҳо ҳамкорӣ менамояд. "Ассотсиатсияи мо семинару тренингҳои гуногунро барои дастгирии занон – соҳибкорон оид ба маслиҳати ҳуқуқӣ, PR ва пешбурди алоқа, шабака ва ғайра амалӣ мегардонад. Хеле муҳим аст, ки КЛИМАДАПТ ба масъалаҳои гендерӣ аҳамияти хоса медиҳад. Мо аз ҳамкориамон бо лоиҳаи КЛИМАДАПТ хеле шодем", - гуфт Гулбаҳор Маҳкамова, Директори генералии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо дастаи КЛИМАДАПТ.

Дастаи КЛИМАДАПТ семинар оид ба гендер барои кормандони ШМ барои беҳтар дарк намудани сегмент барои занон, талаботи гуногуни онҳо, дархосту афзалиятҳо онҳо ва дар ин замина муттаҳид намудани мулоҳизаҳои гендерӣ дар нақшаи пешниҳодшудаи маблағгузорӣ гузаронд. Семинарҳо 6 – 7 – уми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд бо ШМ – Бонки Эсхата, Имон Интернейшнл, Ҳумо ва Арванд баргузор баргузор гардид ва дар он беш аз 40 нафар иштирокчиён ҷамъ омаданд. Дар семинари мазкур масъалаҳои гуногун ба монанди, саҳм ва масъулияти мардон ва занон, фарқияти дастрасии маблағгузорӣ ва ғ. дида баромада шуд ва дар давоми баҳсу мунозира саволҳои гендерӣ, стереотипу меъёрҳои иҷтимоӣ ба шубҳа монда шуд. “Семинар дар ҳақиқат хеле шавқовар буд. Ман оид ба баробарии гендерӣ ва аҳамияти он барои маблағгузории иқлим маълумот гирифтам. Он барои кори ман хеле муҳим аст ва ман дар навбати худ тавонистам ба он саҳми хоса гузорам”, - гуфт яке аз иштирокчиёни семинар Ҳакимова Дилноза, корманди қарз, Ҳумо.

Дар ин муддати кўтоҳ КЛИМАДАПТ тавонист ба пешравии назаррас ноил гардад: барнома дар якум соли фаъолияташ ба афзоиши устувор ноил гашт ва маблағгузории объектҳо бо дастгирии донорҳои байналмилалӣ осонтар гардид. Дар натиҷа, зиёда аз 2000 қарзгирандагон - хонавода, деҳқонон ва корхонаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон барои технологияи нави ба тағйирёбии иқлим тобовар, ба монанди обёрии қатрагӣ, гармхона, тирезаҳои гармнигаҳдоранда, системаи ҷамъи оби борон ва нигаҳдории он, панелҳои офтобӣ ва таҷҳизоти дигар қарз гирифтанд. Тақрибан 29% қарзгирандагонро аз ҳаҷми умумии занҳо ташкил медиҳанд ва аз онҳо 59% дар минтақаҳои деҳотӣ зиндагӣ мекунанд. Маълумот нишон медиҳанд, ки асосан занон қарзро барои маблағгузории хона истифода мебаранд, да он ҳол ки мардон ба самтҳои гуногун маблағ мегузоранд. Лоиҳаи КЛИМАДАПТ ба баробарии гендерӣ ва тақвияти занон ҳаракат карда истодааст. Дар давоми умри лоиҳа КЛИМАДАПТ барои баланд бардоштани устувории занон ба тағйирёбии иқлим тавассути бартараф намудани камбудиҳои гендерӣ ва дастгирии маблағгузорӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

     

Tell friends: