17.09.2018

Озмуни “Бонуи соҳибкори сол” – Ҷоизаи “Фараҳ 2018”

Санаи 23 августи соли 2018 Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) маросими Ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Бонуи соҳибкори сол” – Ҷоизаи “Фараҳ 2018” ташкил намуд. Ин озмун дар ду сол як маротиба баргузор гашта, мақсади асосии он ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа оид ба рушди соҳибкори байни занон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ, муайян намудани соҳибкорзанони пешсаф ва паҳн намудани таҷрибаи онҳо байни ҷавондухтарони кишвар баргузор мешавад. Озмуни мазкур аз соли 2012 гузаронида шуда, барои таҳкими мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ ҳамаи иштирокчиёни озмун ба як шабакаи ягонаи занони соҳибкор муттаҳид шудаанд.

Соли ҷорӣ 407 занони соҳибкор аз тамоми минтақаҳои кишварамон барои иштирок дар озмун дархост пешниҳод карданд. Озмуни мазкур аз рӯи 6 номгӯй гузаронида шуд: соҳаи истеҳсолот, соҳаи хизматрасонӣ, соҳаи ҳунарҳои мардумӣ, соҳаи кишоварзӣ, соҳаи хизматрасонии тиббӣ ва таълимӣ, оғози тиҷорати нав. Ҳамаи 6 нафар ғолибони озмун соҳиби дипломҳо ва мукофотҳои хотиравӣ гаштанд.

Намояндагони лоиҳаи КЛИМАДАПТ низ дар ин чорабинӣ иштирок намуданд. Лоиҳаи КЛИМАДАПТ технологияҳои пешрафта, ки ба тағйирёбии иқлим тобоваранд ҷорӣ намуда, соҳаи соҳибкориро дастгирӣ мекунад, ва ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд. Лоиҳаи КЛИМАДАПТ ба баробарии гендерӣ ва тақвияти занҳо ва ба баланд бардоштани устувории занон ба тағйирёбии иқлим бо роҳи бартараф намудани камбудиҳои гендерӣ бо дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Таносуби занон дар шумораи умумии портфели КЛИМАДАПТ 30% -ташкил дода, системаи ҳавасмандгардонии махсуси шарикони молиявии лоиҳаро барои дастгирии занон ба роҳ мондааст. Кормандони лоиҳаи КЛИМАДАПТ як қатор семинарҳоро оиди огоҳии гендерӣ барои кормандони шарикони молиявии лоиҳа бо мақсади беҳтар намудани дарки сегменти занони соҳибкор ва ниёзу талаботи онҳо ташкил намудаанд. Лоиҳаи КЛИМАДАПТ ҳамчунон бо АМЗСТ ҳамкорӣ карда, технологияҳое, ки ба тағйирёбии иқлим тобоварро байни аъзоёни ин Ассотсиатсия тарғиб медиҳад. Ба ҳамаи иштирокчиён ва ташкилкунандагони ин озмун беҳбудӣ ва муваффақият дар амалисозии ғояҳои нав хоҳонем.

     

Tell friends: