30.03.2018

Санаи 17 марти соли равон, дар ду филиали ташкилот дар шаҳрҳои Шаҳритуз ва Шаҳристон рӯзи дарҳои кушодаи ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” гузаронида шуд. Он дар як рӯз и кишвар рух дод. Чорабинии мазкур аз тарафи ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” ва лоиҳаи КЛИМАДАПТ ташкил карда шуд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 70 мизоҷони потенсиалӣ иштирок намуданд. Дар ин рӯз мизоҷон бо хизматрасониҳои ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” ва дигар маҳсулоти ташкилот шинос шуданд. Дар ин чорабинӣ мушовирони КЛИМАДАПТ оиди лоиҳа, мақсадҳои он, технологияҳои маблағгузоришаванда ва шартҳои маълумот пешниҳод карданд.

Иштирокчиён аз гирифтани маълумоти муфассал оид ба маблағгузорӣ ва саволу ҷавоб бо мутахассисони лоиҳа хушҳол шуданд. Маводҳои маркетингии ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” ва лоиҳаи КЛИМАДАПТ ба ҳама иштирокчиён тақсим карда шуд.

ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” яке аз институтҳои молиявии пешрави ҷумҳурӣ ба шумор рафта, тӯли 18 сол мешавад, ки дар соҳаи қарздиҳии хурд фаъолият менамояд. Ташкилоти мазкур бо лоиҳаи КЛИМАДАПТ аз оғози фаъолияти лоиҳа кор карда, дар пешбарии технологияҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар мусоидат менамояд.


  

  

Tell friends: