18.10.2016


Вохӯрии намояндагони Бонки Эсхата бо раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои кишвар идома дорад. Дируз чунин ҷамъомад бо намояндагони соҳаи хоҷагии қишлоқи ноҳ. Рудакӣ сурат гирифт.
Мақсади асосӣ расонидани маълумотҳои зарурӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ оиди самаранокии захираҳои обию барқӣ ба ҳисоб рафта, муаррифии хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷумла қарзҳои аграрӣ мавзуи вохурӣ буд.
Яке аз методҳои нави ҷараёни кори хоҷагиии қишлоқ ин обёрикунии қатрагӣ, сохтани гармхона ва кофтани чоҳҳои амудӣ мебошад. Иштирокчёни вохурӣ дар бораи афзалиятҳои намудҳои нав, технологияи насби он, роҳҳои ҷорӣ намудани онҳо, шартҳои маблағгузорӣ аз наздик шинос шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ки 80 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқониро ҷамъ овард, ҳамоҳангсози агроқарзҳои Бонки Эсхата Шуҳрат Усмонов, директори филиали ноҳ. Рудакӣ Ғайратшоҳ Самиев ба ҳозирин оиди роҳҳои беҳтарин ва методҳои нави истифодаи обу замин ва натиҷаҳои онро фаҳмониданд.
Боиси қайд аст, ки Бонки Эсхата маблағҳои қарзиро барои рушди хоҷагии қишлоқ бо шартҳои осон пешниҳод мекунад. Дар ин замина ба деҳқонон ҳам аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва машваратӣ кӯмак расонида шуда, шарики Бонк ташкилоти Сароб ва намояндагони лоиҳаи Климадапт маҳсуб меёбанд.
Ноҳияи Рудакӣ яке аз ноҳияҳои аграрии кишвар буда, деҳқонон асосан бо чорводорӣ , боғпарварӣ ва растанипарварӣ машғул мебошанд.
Дар рафти мулоқот иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ният доранд минбаъд дар ҳамкорӣ бо Бонки Эсхата роҳҳои иноватсионии идоракунии обу замин ва қувваи барқро ҷорӣ намоянд. 

Пурратар...

Tell friends: