26.12.2017

6 декабри соли 2017, зиёда аз 25 намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кишоварзон дар семинари технологии "Технологияҳои коркарди минималӣ ва дурнамои он дар Тоҷикистон" ширкат варзиданд. Семинар аз ҷониби Кооперативи Сароб ташкил карда шуда, аз тарафи лоиҳаи КЛИМАДАПТ дастгирӣ карда шуд. Семинар мавзуи усулҳои агроэкологиро барои пешгирии эрозияи хок дар Тоҷикистонро фаро гирифт. Маруф Махкамов, намояндаи Кооперативи Сароб дар суханронии худ оиди аҳамияти сармоягузорӣ ба технологияҳои коркарди минималӣ ва таҷрибаҳои идоракунии устувори замин қайд намуд. Профессор Муминҷонов Ҳофиз иштироккунандагонро бо ин технология шинос намуда, ба онҳо тачрибаи кишварҳои гуногунро пешкаш намуд ва бо таҷрибахои муваффаки намунавӣ шинос кард. Коршиноси технологияҳои инноватсионӣ, Фарҳод Умаров, лоиҳаи КЛИМАДАПТ-ро муаррифи намуда, фаъолият ва дастовардҳои онро пешниҳод намуд. Баромади Фарҳод Умаров тадбирҳоро оид ба дастгирӣ намудани таҷрибаҳои идоракунии устувори замин, аз ҷумла технологияи коркарди минималӣ ва росткунии лазериро дар бар гирифт. Иштирокчиён инчунин тавонистанд бо ҳамдигар шинос шаванд, тамос гиранд ва вохӯриҳои инфиродӣ ташкил намоянд. Лоиҳаи КЛИМДАПТ минбаъд бо Кооперативи Сароб ва дигар ҷонибҳои манфиатдор низ ҳамкорӣ хоҳад кард, ки ба густариши васеъи ҷорӣ кардани ин технология дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Tell friends: