29.07.2017

Санаи 21 ва 28 июли соли 2017 гурӯҳи лоиҳаи Климадапт семинарҳои технологии навбатии худро дар мавзӯи технологияҳои инноватсионии ба тағйирёбии иқлим устувор бахшида ба азнавсозии таҷҳизот, ки метавонад ба коҳиши назарраси истифодаи барқ ва баланд бардоштани даромад мусоидат намояд ва самарнокӣ ва сифати маҳсулотро баланд бардорад, ташкил кард. Тақрибан 50 намояндагон аз корхонаҳои хурду миёна, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва муассисаҳои молиявии шарик аз вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар семинар ширкат варзиданд.          

Ҳадафи ин семинарҳо дар баланд бардоштани огоҳӣ ва таваҷҷӯҳ ба технологияҳои ба тағйирёбии иқлим устувор дар байни корхонаҳои хурду миёна буд. Баромади аввали семинар намудҳои технологияҳои каммасраф, манфиатҳои он барои корхонаҳои хурду миёна ва таҷрибаҳои муваффақро, ки метавонанд дар доираи лоиҳаи Климадапт маблағгузорӣ карда шаванд, пешкаш намуд. Баромади дуввум маълумотро оиди хизматрасониҳои машваратӣ барои корхонаҳои хурду миёна, бо воҷиди шароит, ки аз ҷониби гурӯҳи БАТР МКХ (Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Машварат ба корхонаҳои хурд) пешниҳод карда мешавад, пешкаш намуд. Дар давоми семинар иштирокчиён имконияти саволдиҳӣ,  муҳокима ва табодули таҷрибаро пайдо карданд. Умуман, семинар аз ҷониби иштирокчиён бо баҳои баланд арзёбӣ шуд.

    

Tell friends: