07.05.2018

25 апрели соли равон дар шаҳри Конибодом семинари технологӣ оид ба хушккунакҳои офтобӣ барои мева ва сабзавот аз тарафи лоиҳаи Климадапт гузаронида шуд. Дар семинари мазкур 54 нафар кишоварзон ва соҳибкорон иштирок намуданд. Коркард ва содироти меваҳои зардолу ва шафтолу дар шаҳри Конибодом васеъ паҳн шудааст.
Барои иштирокчиёни семинари технологӣ маълумот дар бораи технологияи муосири барои хушк намудани меваву сабзавот аз тарафи мутахассиси ин соҳа, Баҳодир Тошматов пешкаш карда шуд. Ӯ иштирокчиёнро бо хусусиятҳои истифодаи хушккунакҳои офтобӣ шинос намуда, оиди таҷрибаи амалии худ ва манфиатҳои иқтисодӣ ва экологии истифодаи ин технология сухан ронд. Баъди баромади ӯ, кишоварзон фаъолона саволро оид ба нарх ва раванди насбу шартҳои таҳвил доданд. Ҳамчунин, аз тарафи иштирокчиён хоҳиш карда шуд, ки дар филиали ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ шаҳри Конибодом, намунаи намоишии хушккунаки офтобӣ сохта шавад. Дар вақти танаффус Баҳодир Тошматов барои якчанд иштирокчиёни семинар машваратҳои индивидуалӣ дод. Иштирокчиён аз семинари технологӣ маълумотҳои зиёд гирифта, аз ин чорабинӣ қаноатмандӣ иброз намуданд.
Семинарҳои технологии Климадапт бо дастгирии Шарикони молиявӣ бо мақсади баланд
бардоштани сатҳи огоҳӣ ва паҳн намудани маълумот оид ба технологияҳои каммасрафи замонавӣ гузаронида мешавад. Бо дастгирии шарикон шумораи кишоварзон, хонаводаҳо, корхонаҳои хурд ва миёнае, ки технологияҳои аз технологияҳои ба тағйирёбии иқлим устувор истифода мебаранд, афзуда истодаанд. Ин ба онҳо имконят медиҳад, ки хароҷотро кам карда, нерӯи барқ ва обро сарфа кунанд ва сатҳи зиндагиашонро беҳтар намоянд.


  

  



Tell friends: