08.08.2017

8-уми августи соли 2017 аз ҷониби гурӯҳи Климадапт семинар оид ба технологияҳои офтобӣ бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ ва паҳн намудани технологияҳое, ки ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон тобовар мебошанд, ташкил карда шуд. Семинар махсусан барои намояндагони гурӯҳи тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, клубҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ омода шуда буд. Дар ин чорабинӣ тақрибан 20 соҳибону роҳбарони корхонаҳои хурду миёна ва намояндагони муассисаҳои молиявии шарик ширкат варзиданд. Мақсади асосии ин семинар дар фаҳмондадиҳии манфиатҳо аз истифодаи технологияҳои офтобӣ барои соҳибкории хурд буд. Панелҳои офтобӣ ва обгармкунакҳои офтобӣ аз тарафи яке аз таъминкунандагони пешбари маҳаллӣ, ширкати Homsol муаррифӣ карда шуд. Ширкати Homsol таҷрибаи худро дар асоси ҳолатҳои воқеии муштарак пешниҳод намуд ва инчунин дар бораи тафсилоти техникӣ ва манфиатҳои иқтисодии технологияҳои офтобӣ муаррифӣ намуд.

Баромади дигар оиди хизматрасониҳои машваратӣ, ки ба корхонаҳои хурду миёна пешкаш мешаванд, аз ҷониби гурӯҳи БАТР МКХ (Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Машварат ба корхонаҳои хурд), пешкаш шуд. Мутахассисони БАТР МКХ иштирокчиёнро бо таҷрибаҳои муваффақ ва меъёру тартиби интихоб шинос намуд. Баъд аз баромадҳо, иштирокчиён ба қитъаи намоишӣ дар клуби варзишии машҳур, ки бо обгармкунакҳои офтобӣ насб гаштааст, ташриф оварданд.

Семинар ба иштирокчиён хеле маъқул шуд ва онҳо дар вақти танаффус ва боздид дар қитъаи намоишӣ фаъолона саволҳои худро доданд. Гурӯҳи Климадапт ташкили семинарҳои технологиро дар моҳҳои оянда идома медиҳад, то ин ки ба огоҳӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

   

Tell friends: