10.05.2018

Сана 10 майи соли 2018 дар ноҳияи Рашт, семинари технологӣ оид ба технологияҳои инноватсионии ба тағйирёбии иқлим устувор дар мавзӯи гархонаҳо ва хушккунакҳои офтобӣ барои меваву сабзавот, аз тарафи лоиҳаи Климадапт ташкил карда шуд. Дар чорабинии мазкур 29 мизоҷон ва шарикони БАМХ иштирок намуданд. Роҳбари ширкати “Қатра” Умед Шарипов, мутахассисони пуртаҷриба, ки бо таъмин ва васли системаи обёрии қатрагӣ машғул аст, дар семинар мазкур ҳамчун маърузачӣ ширкат варзид. Ӯ ба иштирокчиён дар бораи системаи обёрии қатрагӣ маълумоти муфассал дода, оид ба беҳбудиву камбудии ин система сухан ронд ва дар охир, якчанд лоиҳаҳои муваффақро пешкаши иштирокчиён намуд. “Ҳангоми насби системаи обёрии қатрагӣ воридшавии нуқтавии об ба растанӣ таъмин карда мешавад ва об бо миқдори кам ва мунтазам дода мешавад. Ин системаро метавон барои ҳар як зироат махсус танзим кард", - гуфт Умед Шарипов дар суханронии худ.

Дар семинари мазкур Фарҳод Умаров – мутахассиси лоиҳаи Климадапт низ баромад намуда, дар бораи технологияҳои замонавӣ барои хушк кардани меваву сабзавот – хушккунакҳои офтобӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард. Технологияи мазкур меваву сабзавотро тез бо сифати беҳтар хушк намуда, барои зиёд шудани фоида ва баланд бардоштани самаранокӣ оварда мерасонад.

       

Tell friends: