27.03.2018

Пас аз бо муваффақият гузаштани семинари технологӣ оид ба сардхонаҳо барои нигаҳдории меваю сабзавот, ки моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Турсунзода ташкил шуда буд, дар шаҳри Хуҷанд низ санаи 26 феврали соли 2018 чунин семинар гузаронида шуд. Дар семинари мазкур 20 нафар деҳқонон ва соҳибкорон аз минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд ширкат варзиданд. Мақсади семинар дар паҳн намудани маълумот дар бораи технологияҳои нав ва инноватсионӣ, аз ҷумла пешбурди сардхонахои каммасраф барои нигаҳдории меваю сабзавот буд.

Семинари мазкур дар якҷояги бо ташкилоти NurPanel ташкил карда шуда, ба табодули таҷриба дар соҳаи сохтмон ва нигоҳдории сардхонаҳо, манфиатҳо барои деҳқонон ва масъалаҳои ба он марбут бахшида шуда буд. Дар ин семинар асосҳои технологияи нигаҳдории хунук, намудҳои гуногуни сардхонаҳо, ки ба маҳсулотҳои махсуси истеҳсоли вилояти Суғд мувофиқкарда шудаааст, маълумотҳо пешкаш карда шуданд. Хамчунон, якчанд лоиҳаҳои муваффақ, ки иштирокчиёнро бо намунаҳои мушаххаси истифодаи ин технология шинос намуд, намоиш дода шуд.

Мавзӯи семинар таваҷҷӯҳи иштироккунандагонро ҷалб намуда, ба онӽо имконият дод, ки бо намояндагони NurPanel вохӯрда, маълумоти иловагӣ дар бораи сифати маҳсулот, хароҷот ва рафти насб пайдо кунанд ва андешаҳои худро оид ба ин технологияҳо изҳор намуда минбаъд ҳамкорӣ намоянд.

Менеҷер оид ба ӽамкорӣ бо шарикони молиявии лоиҳаи Климадапт Шӯҳрат Комилов аҳамияти чунин чорабиниҳоро, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маълумотнокии деҳқонон дар ҳамкории зич бо таъминкунандагон ва шарикони молиявиро баланд эътироф намуд. Лоиҳаи Климадапт дар давоми соли 2018 ташкил ва гузарнидани семинарҳои технологиро идома хоҳад дод.


   

 



Tell friends: