26.06.2018

7-уми июни соли 2018 лоиҳаи Климадапт семинари технологиро оид ба технологияҳои офтобӣ дар ш.Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бомуваффақият гузаронд. Семинар бо мақсади ташкили платформа барои аҳолӣ, мутахассисон ва таъминкунандагони ин технология равона шуда, масъалаҳои васеъ паҳн кардани истифодаи технологияҳои офтобӣ дар минтақаи ВМКБ дар бар гирифт.

Дар семинар 32 нафар деҳқонон, соҳибкорон, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, роҳбарон ва роҳбарону экспертҳои қарзии АБМХ аз минтақаҳои гуногуни ВМКБ иштирок намуданд.

Бежан Холиқназаров, роҳбари шӯъбаи қарзии АБМХ дар семинар иштирок кард. Дар семинар технологияҳои офтобӣ, имтиёзҳо ва хароҷотҳои он, аз ҷумла панелҳои офтобӣ, обгармкунакҳои офтобӣ ва хушккунакҳои офтобӣ, ки аз ҷониби фурӯшандаи маҳаллӣ пешниҳод шудаанд, баррасӣ карда шуданд. Муовини Роҳбари гурӯҳи лоиҳа Климадапт Фарух Қосимов лоиҳаи Климадапт, фаъолият ва дастовардҳои онро муаррифӣ намуда, аҳамияти чунин чорабиниҳоро, ки он ба баланд шудани сатҳи огоҳии мардум оиди технологияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад, таъкид кард.

   

Tell friends: