27.09.2017

Дар таърихи 14 сентябри соли 2017 дар шаҳри Турсунзода семинари технологии навбатии лоиҳаи КЛИМАДАПТ бо иштироки тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла, шарикони молиявии лоиҳа, соҳибкорон ва таҳвилгарон баргузор гардид. Семинар мавзуи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваву сабзавотро дар бар гирифта, намуди сардхонаҳоеро пешниӽод намуданд, ки барои баланд бардоштани фоида аз истифодаи самараноки қувваи барқ ва бо ин роҳ, барои нуфузи соҳибкорӣ равона карда шудаанд. Семинари мазкур аз тарафи лоиҳаи КЛИМАДАПТ бо ҳамкории корхонаи Nur Panel– истеҳсолкунанда ва таҳвилгари сардхонаҳо, ки пешсафи соҳаи мазкур дар бозори Тоҷикистон мебошад, ташкил карда шуд. Дар семинари зикршуда 53 нафар деҳқонон, соҳибкорон ва намояндагони шарикони молиявии лоиҳа иштирок намуданд.

Дар оғози семинар муовини роҳбари гурӯҳи лоиҳаи КЛИМАДАПТ – Фарух Касимов баромад намуда, оид ба лоиҳаи мазкур ва нақшаву чорабиниҳои дар пеш гузошташуда ҳарф зад. Роҳбар ва бунёдгузори корхонаи Nur Panel – Ваник Давидян иштирокчиёнро бо фаъолияти корхона шинос намуда, ба таври муфассал оид ба сэндвич панелҳо маълумот пешниҳод намуд. Дар давоми семинар саволҳо дар мавзӯӽои зерин дида баромада шуданд: намуди яхдонҳо, сардхонаҳо барои нигоҳдории меваву сабзавот, муқаррарот, таъинот ва минтақаҳои истифодаи онҳо. Ба иштирокчиёни семинар таҷрибаҳои муваффақи ширкат нишон дода шуд. Намояндагони шарикони молиявии лоиҳа низ дар семинар иштирок намуда, оид ба шарту шароити қарздиҳӣ дар доираи лоиҳаи КЛИМАДАПТ маълумотхои муфид пешниҳод намуданд.

   

Tell friends: