21.02.2018

Бо шиори шинохта "Бо рафтори нек ва кирдори нек шинохта шав", лоиӽаи КЛИМАДАПТ, воситаи маблағгузории технологияи сабз барои Тоҷикистон, тақдими ҷоизаӽоро ба беӽтарин рӯзноманигор дар соӽаи муӽити зист дар Тоҷикистон ташкил намуд.

Дар маросим дар шаҳри Душанбе, мукофотҳо дар категорияҳои зерин дода шуданд:

  • Беҳтарин мақола дар нашрия: ба Сайфидин Сунатов, барои нашри мақола дар рӯзномаи “Садои Мардум”, ки яке аз рузномахои машҳур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӽисоб меравад;

  • Беҳтарин мақола дар сомонаи интернет: ба Номвар Қурбонов, ки мақолаи худро дар сомонаи www.ravshanfikr.tj, ки байни олимони ҷавон ва ӽавасмандони илм шуҳрати зиёд дорад;

  • Беҳтарин фарогирӣ дар телевизион: ба Дилбар Ҳоҷаева, барои тайёр намудани барономаи "Мо аз Суғдиён" дар телевизиони Суғд, ки яке аз телевизиони пешбар дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Чаҳор нафар аз иштирокчиён барои мусоидат дар пешбурди мавзӯи устуворӣ ба тағирёбии иқлим соӽиби сипоснома гардиданд.

Ин озмун аввалин маротиба дар доираи лоиӽаи КЛИМАДАПТ ташкил карда шуд, ки ба устувории сектори хусусии кишвар ба тағирёбии иқлим, равона карда шудааст.

Лоиӽаи КЛИМАДАПТ моҳи феврали соли 2016 оғоз шуда ӽаҷми қарзӽои пешниӽодшудааш 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиӽад. Барномаи мазкур ташаббуси пилотӣ буда, барои мусоидат ба дастрасии технологияҳои устувор ба тағйирёбии иқлим беҳтарсозии истифодаи об, энергия ва замин дар Тоҷикистон, равона карда шудааст. Қарзӽо тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд барои баӽбардорони лоиӽа истифода мешавад. Кӯмаки техникӣ дар доираи барнома аз ҳисоби маблағҳои донорӽo аз ҷониби ҳукумати Британияи Кабир ва донори бисёрҷонибаи Хазинаи БАТР барои Кишварҳои дар Марҳилаи Ибтидоии Гузариш* (Early Transition Countries Fund*), маблағгузорӣ шудааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ба таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир ба ӽисоб меравад. Истеӽсоли беш аз 90 фоизи нерӯи барқ аз гидроэнергетика вобаста аст. Иқтисоди кишвар аз истифодаи захираҳои об, энергия ва замин вобастагии зиёд дорад. Ин маънои онро дорад, ки деҳқонон аз дастрасӣ ба об танқисӣ мекашанд ва мушкилотӽо вобаста ба эрозияи хок доранд.

Дар маҷмӯъ, беш аз 60 корҳои озмунӣ аз рӯзноманигорон аз тамоми кишварҳо гирифта шудааст. Мақолаҳои мазкур масъалахои марбут ба таъсири тағйирёбии иқлимро дар раванди паст кардани таъсири он, бо истифодабари аз технологияҳои саммасрафи барқӣва обӣ, ки аз тарафи лоиҳаи КЛИМАДАПТ дастгирӣ карда мешаванд, инъикос менамоянд.

"Олими ҷавон дар бораи маҳорати иртибот бо табиатро меомӯзад ва таълим медиҳад", мақолаи Дилбар Хоҷаева буда дар он ҳикояи илҳомбахш дар бораи деҳқонони инноватсионӣ, ки системаи обёрии қатравиро барои сарфаи об ва барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҷорӣ намудаанд, омадаст.

«Нахустин гармхона», - мақолаи Камари Аҳрор буда, он оиди роҳҳои баланд намудани ҳосилхезии хок ва афзоиши ҳосил бо насб кардани гармхонаҳои замонавӣ шинос менамояд.

«Лоиҳаи КЛИМАДАПТ - нигоҳдорӣ ва фоидаи он», ки аз ҷониби Лола Қосимова омода шудааст, оиди тарзи дароз намудани мӯҳлати нигоҳдории ҳосил барои фурӯши он дар мавсим, аз ҷониби деҳқонон, тавассути сармоягузорӣ ба сардхонаӽо, маълумот медиҳад.

То ба имрӯз, воситаи маблағгузории БАТР дар маҷмӯъ ба 127 шарикони молиявии лоиҳа дар 25 мамлакати олам дар бар гирифтааст.

* Хазинаи БАТР барои Кишварҳои дар Марҳилаи Ибтидоии Гузариш – ин воситаи маблағгузориест, ки Канада, Финляндия, Олмон, Ирландия, Ҷопон, Корея, Люксембург, Нидерландия, Норвегия, Испания, Шветсия, Швейтсария, Тайбей Чин ва Британияи Кабирро дар бар мегирад.

Tell friends: