29.03.2017
Ташаббуси ТАҚХ «Ҳумо» ва лоиҳаи Климадапт барои баланд бардоштани дониши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон дар обёрии қатрагӣ НТМ дар арафаи мавсими кишоварзӣ

ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» дар якҷоягӣ бо гурухи коршиносони лоихаи «Климадапт» як қатор чорабинихоро баҳри баланд бардоштани сатхи дониши хоҷагиҳои деҳқони ва соҳибкорон оид ба обёрии қатрагӣ дар НТМ ва усулҳои кори системаи обёриро ташкил намуданд. Барои гузаронидани омузиш, мутахассиси ботаҷриба аз вилояти Суғд ҷалб карда шуд.

У оиди манфиатҳо ва усулҳои обёрии қатрагӣ, ки дар холати истифодаи он, об ба микдори кам тавассути дозатори катрагии танзимшаванда,  бевосита ба минтақаи решавӣ растаниҳо дода мешавад, маълумотхоро пешкаш намуд. Хамчунон, коршиносон ва агрономҳои ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ва лоиҳаи «Климадапт» таъмини сарфанокии назарраси об ва дигар захираҳоро (нуриҳо, хароҷоти меҳнат, энергетика ва қубурҳо) аз истифодаи технологияи зикргашта, кайд намуданд. Омӯзишхо 15 феврали соли 2017 дар шахри  Қӯрғонтеппа ва 16 феврали соли 2017 дар нохияи Данғара шуда гузашт. Зиёда аз 35 иштирокчиён дар бораи истифода ва фоидаи ин технология ва чӣ гуна ба даст овардани маблағхои имтиёзнокро тавассути лоиҳаи «Климадапт» ва ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» маълумот гирифтанд. Иштирокчиёни хохишманд инчунин маълумотхои муфидро дар бораи таъминкунандагони эҳтимолии технологияи обёрии қатрагӣ дар кишвар ба даст оварданд.

Tell friends: