Манзили зист :

Мо барои системаҳои истифодаи самараноки об ва энергия, инчунин гармикунии биноҳо қарзҳо медиҳем.

Талаботҳо:

Шахсони зерин метавонанд барои гирифтани қарзи КЛИМАДАПТ муроҷиат кунанд:

* Соҳибмулки хона ва апартаментҳо;

*  Гурӯҳи истиқоматкунандагон ва соҳимулкони апартаментҳо;

*  Иттиҳодияҳое ки соҳибмулки хонаҳои истиқоматӣ ё апартаментҳо мебошанд;

* Сокинони доимӣ ва ғайридоимии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қарзҳо бо сомонӣ пешкаш мегарданд:

* Ба миқдори баробар ба 500 то 300,000 доллари ИМА барои соҳибмулкон

* Ба миқдори баробар ба 1,000 то 1,000,000 доллари ИМА барои гурӯҳи соҳибмулкон ва шахсони ҳуқуқӣ.

Ҳар як муштарӣ бояд аз лиҳози молиявӣ комёб буда, ба талаботҳои қарздиҳии муассисаи молиявии иштирокчӣ ҷавобгӯ бошад ва ба воситаи тартиби умумии арзёбии қарзӣ дар муассисаи мазкур тасдиқ гардад.