Ёрии техникӣ

Ёрии техникӣ ва машварати мустақил ба таври ройгон бо мақсади мусоидат ба сармояи шумо ба технологияҳои босифат ва дарёфти ҳалли муносиб пешкаш мегардад. 

Агар шахси қарзгиранда ба талаботҳои гирифтани қарз барои лоиҳа бо истифода аз технологияҳои тасдиқнашуда ҷавобгӯ бошад, вале ҳоло ҷавобгӯнабуда дониста шавад, бонкҳои шарик метавонад худ Арзёбии мутобиқати лоиҳаро гузаронад ё аз Мушовири КЛИМАДАПТ дархост кунад, ки он чунин арзёбиро ба амал орад.

Баъд аз гузаронидаи Арзёбии пешакӣ мушовири КЛИМАДАПТ метавонад арзёбии навбатии лоиҳаи пешниҳодшударо тавсия диҳад, то ин ки марҳилаи татбиқи лоиҳа ва манфиати он такмил дода шаванд.

Агар Арзёбии навбатӣ тасдиқ гардад, мушовири КЛИМАДАПТ бо бонкҳои шарик тамос мегирад, то он аз қарзгиранда номаи ‘Розигӣ’ ва Изҳори уҳдадорӣ бигирад.

Агар шумо консепсияи лоиҳаатонро омода карда бошад ва пеш аз супоридани дархост барои гирифтани қарз ба бонкҳои шарик хоҳиши арзёбии техникии лоиҳаи худро кунед, лутфан тавассути саҳифаи тамос ба мо дархост фиристед