20.12.2018

Лоиҳаи КЛИМАДАПТ ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) чорабинии «Мушкилии ифлосшавии хокро ҳал мекунем»-ро, ки ба Рӯзи умумиҷаҳонии хок 2018 бахшида шудааст, ташкил намуд. Мақсади чорабинӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба ифлосшавии хок, намудҳои ифлосшавӣ ва оқибатҳои он, ки барои некӯаҳволии инсон ва экосистемаҳои солим равона шудааст, буд. Чорабинии мазкур дар мактаби №16-и ноҳияи Дӯсти, вилояти Хатлон -18 декабри соли 2018 - ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва ҷавонон ширкат варзиданд. Дар ин чорабинӣ барои толибилмони ин ноҳия мастер-классҳо ва таҷрибаҳои муваффақ оиди хоки солим, истифодаи самарабахши захираҳои хок, махсусан ҳифзи хок, компостозии дуруст ва обёрии қатрагӣ, пешкаш карда шуданд.

   


Tell friends: