13.11.2018

Чорабании баҳодиҳӣ ва омӯзишии ХСИ/БАТР: "Таъсиси заминаи асоснок оиди дастгирии рушди сармоягузории бахши хусусии аз ҷихати гендерӣ ҳассос ва тобовар ба тағйирёбии иқлим: дар мисоли Тоҷикистон” 8 ноябри соли 2018 дар меҳмонхонаи «Серена» ш. Душанбе баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Хукумат, сектори хусусӣ, ташкилотӽои ғайри давлатӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Ин сеюмин семинар буд, ки ҳадафи он дар пешниҳод намудани натиҷаҳои фаъолияти баҳогузорӣ ва стратегияи паҳнкунии маълумот дар доираи чорабании баҳогузорӣ ва омӯзишии ХСИ буд. Баҳогузории лоиҳаҳои Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (БПМТИ) дар Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи КЛИМАДАПТ-ро дар бар гирифта, диққати худро ба масъалаҳои гендерӣ, ки дар марҳилаҳои татбиқ, мониторинг ва бахогузории БПМТИ қарор дорад, ҷалб намуд. Дар рафти семинар хулосаҳои асосӣ ва тавсияҳо марбут ба механизмӽои самарабахш, ки истифодаи натиҷаҳои ба даст овардашударо барои ҷалби минбаъда ва сафарбар кардани маблағгузории бахши хусусӣ ба баланд бардоштани тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим  дар Тоҷикистон тақдим карда шуданд, пешниӽод шуданд. Семинар якчанд таҷрибаҳои муваффақ ва тавсияҳои муфассали дар асоси тадқиқоти мазкур таъсисёфтаро дар бар гирифт, ва дар ҷамъ маълумот дар бораи рушди лоиҳаҳои БПМТИ ва сабақҳои ба беҳбуд ва тасҳеҳи таҳияи лоиҳаҳои оянда равонашуда, пешниӽод намуд.

Лоиҳаи КЛИМАДАПТ ҳамчун намуна барои баҳодиҳӣ ва омӯзиш интихоб карда шуда буд ва тадқиқот дар байни қарзгирони лоиҳа гузаронида шуд. Ба тавсияҳои тадқиқиот, ки аз ҷониби БАТР (2017) дар масъалаи муносибати байни маблағгузорӣ марбут ба масъалаӽои гендерӣ ва иқлим гузаронида шуд, такя намуда, дар марҳилаи дуюми лоиҳаи КЛИМАДАПТ диққати бештар ба пешбарӣ ва дастгирии қарзгирон-занон барои рушди технологияҳои тобовар ба тағйирёбии иқлим, тариқи ҷорӣ кардани дигаргуниҳо, равона карда мешавад. Лоиҳаи КЛИМАДАПТ ҳамчун намунаи такмил додани татбиқи лоиҳаҳо аз нуқтаи назари гендерӣ дар Тоҷикистон пешкаш карда шуд. Лоиҳаи КЛИМАДАПТ ҳамчун механизми бартараф намудани монеаҳои бозорӣ ба технологияӽои устувор ба тафйирёбии иқлим таҳия гардида, баробарии гендериро ба зимма дорад. Ҳиссаи занон дар маҷмӯи умумии лоиҳаи КЛИМАДАПТ тақрибан 30%-ро ташкил медиҳад. Лоиҳа барои кормандони шарикони молиявӣ як қатор семинарҳои гендериро ташкил кард. Илова бар ин, низоми махсуси ҳавасмандгардонии истифодашуда, кормандони шарикони молиявиро, ба дастгирии қарзгирони зан, зиёдтар ҷалб менамояд. Лоиҳаи КЛИМАДАПТ инчунин бо ташкилотӽои ғайридавлатӣ ва ассотсиатсияҳо, барои пешбурди технологияҳои муоссири тобовар ба тағирёбии иқлим дар байни аъзоёни худ, аз ҷумла занон ва хонаводаҳои деҳот, ӽамкорӣ менамояд.

 


Tell friends: