07.12.2018

Чорабинии ҳамасолаи “16-рӯзи амал бар зидди зӯроварии гендерӣ” аз 25-уми ноябр то 10-уми декабри соли 2018 давом дода, даъват менамояд, ки ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон бартараф шавад ва огоҳии зӯроварии гендерӣ дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баланд бардошта шавад.

Дар доираи ин чорабинӣ, 6 декабри соли 2018 дар меӽмонхонаи Хаятт воқеъ дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон, лоиҳаи БАТР КЛИМАДАПТ дар ҳамкорӣ бо БРСММ дар мавзӯи “Васеъ намудани имкониятҳои занон дар бахши энергетика дар Тоҷикистон” семинар ташкил намуд. Чорабинӣ ба тавсеа ва тақвият додани имкониятҳои занон, тадбирҳои мавҷудаи дастгирии соҳибкорзанон, аз ҷумла  мубодилаи иттилоот оиди чӣ хел лоиӽаи БАТР КЛИМАДАПТ метавонад дастрасӣ ба маблағгузориро барои технологияҳои тобовар ба тақйирёбии иқлим таъмин намояд, равона карда шуда буд.

Дар чорабинӣ кормандони вазорату идораҳо, ташкилотҳои маҳаллӣ ва байналхалқӣ, аз қабили Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи мухити зисти назди Ӽукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, БРСММ, АКТЕД, ташкилотҳои ғайридавалатӣ ва молиявии маҳаллӣ, ба монанди Хабитат барои Инсоният, Маркази экологии ҷавонон, ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ, БАНК ЭСХАТА, ХУМО, Арванд, АБМХ ва муҳимтар аз ҳама соҳибкорзанони тоҷик ширкат варзиданд.

Ин ҷаласа аз баромадӽо, саволу ҷавоб, кори гурӯҳии интерактивӣ ва мубодила иборат буд, ки аз ҷониби ҳамаи иштироккунандагон хуб қабул карда шуд. Лоиҳаи БАТР КЛИМАДАПТ ва БРСММ як чанд таҷрибаӽои муваффақро дар амалисозии технологияҳои сарфаи захираҳо, ба монанди панелӽои офтобӣ ва хушкунакҳои офтобӣ пешниӽод намуданд. “Ташаббуси мазкур барои ҷалб намудани диққати ҷомеа ба масъалаи баробарии гендерӣ ва тақвияти занон равона карда шудааст. Аз сабаби оне, ки мо бо сектори хусусӣ кор мекунем, мо фаъолона соӽибкорзанонро дастгирӣ менамоем. Ба фикри мо ин платформаи хеле муассир барои мубодилаи иттилоот оиди технологияҳои тобовар ба тағйирёбии иқлим ва маблағгузории дастрас мебошад"- қайд кард Кайрат Шалабай, Роҳбари лоиҳаи БАТР КЛИМАДАПТ.

Илова ба мақсади асосии афзоиши маблағгузорӣ ба технологияӽои тобовар ба тағйирёбии иқлим барои бахши хусусӣ, лоиҳаи БАТР КЛИМАДАПТ инчунин ба баробарии гендерӣ ва тақвият додани имкониятҳои занон мусоидат менамояд, ки ин устувории занонро ба тағйирёбии иқлим бо роҳи ҳалли камбудиҳои гендерӣ дар дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар Тоҷикистон баланд мебардорад. Дар асоси тадқиқоти гендерии гузаронидашуда, лоиҳаи БАТР КЛИМАДАПТ қайд кард, ки идрок ва имиджи соҳибкорзанон дар давоми 5-10 соли охир дар Тоҷикистон беҳтар шудааст, аммо стереотипҳо ва анъанаҳо ҳанӯз занонро водор менамояд, ки мавқеи мусбиро дар ҷомеа ва иқтисодиёт нигоҳ доранд. Гурӯҳи кормандони лоиҳа дар оянда низ саъю кӯшиши худро барои муайян намудани монеаҳое, ки соҳибкорзанон дар дастрасӣ ба маблағгузорӣ метавонанд дучор гарданд ва бартараф намудани онҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявии маҳаллӣ равона месозад.

    
Tell friends: